РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб спектакли таърихии «Катан» намоиш дода шуд

Дар Театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоиши таърихии «Катан» манзур гардонида шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Намоиш саропо эҳсоси ватандӯстӣ ва шарафу номуси ватандориро фаро мегирифт. Намоиш аз рӯйи драмаи шоир ва драматург Файзи Ашӯр ба саҳна гузошта шуд. Басаҳнагузорандаи намоиш арбоби санъати тоҷик Мирзоватан Миров мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки рӯнамоии намоиши мазкур бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва дигар арбобони илму фарҳанги мамлакат 24 апрел баргузор мегардад.

Намоиш ҷавобгӯ ба сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.

Катан қаҳрамони Бобакон аст, ки якҷо бо сипоҳаш баҳри ҳифзи ватан дар задухӯрд бо урдӯи ғосиби юнонӣ таҳти фармондеҳии сарлашкар Александри Македонӣ –Кратер ҷонбозиҳо карда, фидокорӣ нишон додааст. Намоиш пур аз саҳнаҳои задухӯрд ва лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши ишқу муҳаббат аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram