РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Муҳлати марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои ММТ тамдид карда шуд

Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 расонида мешавад, ки муҳлати марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур то 1-уми май муқаррар карда шуд. Рӯзи якшанбе – 30‑юми апрел низ нуқтаҳои бақайдгирии довталабон фаъолият мекунанд. Дар ин бора Саҳифаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Вобаста ба ин, азбаски филиал ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”» рӯзи якшанбе кор намекунанд, ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2023 тавсия медиҳем, ки маблағи хизматрасониро пешакӣ дар рӯзҳои корӣ пардохт намоянд.

Лозим ба зикр аст, ки дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш аз 28-уми апрел то 1-уми май нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъолият мекунанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram