РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии фестивали “Сад ранги чакан” баргузор шуд

28 апрели соли 2023 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар чорабинӣ муовинираиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимзода Заррина, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи синои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар идома тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Сино бо нишон додани намудҳои гуногуни чакан ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар чорабинӣ сарояндагони маъруфи кишвар – Тоҷиддин Раҳимзода, Бунафша Муқимова ширкат ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Абдуалимзода Заррина суханронӣ намуда, ба рафти чорабини баҳои баланд дод, инчунин ҳамаи маҳаллаҳо ва муассисаҳои ширкаткунанда барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда гузоштан дар баргузории даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ ва инчунин ҳамаи тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ ба туҳфаҳои кӯдаконаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram