Дар ҳошияи фестивал – озуни театрҳои касбӣ “Парасту” имрӯз дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Гулҳои паси панҷара” – и Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.
Намоишномаи “Гулҳои паси панҷара” аз рӯи асари шоири халқии Тоҷикистон Толиб Озарахш дар таҳияи коргардон Темур Султонов ба саҳна гузошта шуд. Наоишнома инъикоскунандаи ҳаёти кудакону наврасоне мебошад, ятиму бепарасдор мондаанд ва баъзеи дигар аз таваҷҷуҳу тарбияи падару модар дур гаштаанд. Тавре Темур Султонов коргардони намоишнома мегӯяд, ҳар як наврасе, ки ба зиндони тарбиявӣ меафтад дарду моҷараҳои гуногунро пушти сар гузоштаанд. Мақсади мо бошад аз таҳияи ин намоиш нишон додани дардҳои паси панҷара мебошад.
Бояд гуфт, ки саҳнаҳои намоишномаи “Гулҳои паси панҷара” дуруст ҷо ба ҷо гузошта шуда, қаҳрамонон гарчанде, ки ҷавон буданд, нақшҳои худро хело хуб иҷро намуданд. Насриддин Маликов ҳунарманди Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат ба мо изҳор намуд, ки мавзӯи намоишнома мувофиқ ба зомони имрӯза мебошад ва он бозгӯйкунандаи сабабу омилҳои ба ҷинояту амалҳои ношоиста рӯ овардани наврасон мебошад.
Сафаралӣ Қурбонов арбоби ҳунари Тоҷикистон мегӯяд, ки намоишнома бо пирӯз омадани адолат бар дурӯғ анҷом мегардад ва ин боис мегардад, ки ҳар як ҷавону наврас пас аз тамошои ин ва дигар намоишҳо нисбат Ватан меҳру муҳабаташ зиёда гашта, майли ҳимоя намудани Модар – Ватан дар онҳо пайдо мегардад.
Ёдовар мешавем аст, ки фестивал – озуни театрҳои касбӣ “Парасту” то 4 — уми май давом карда, дар он тамоми театрҳои кишвар беҳтарин намоишномаҳои худропешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд. Баргузор гардидани чунин намоишномаҳо ба рушди санъати театрва дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи синамо мусоидат менамояд.
Сарвинози Сайдалӣ,
Радиои Тоҷикистон