РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Корвони китоб» ба ноҳияи Айнӣ расид

Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар доираи озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат”, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор ва идома ёфта истодаанд, ҳамзамон бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021 таҳти №115 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо адабиёти гуногунсоҳа “Ҳаракати фарҳангии Корвони китоб” – ро санаи 2-юми май дар ноҳияи Айнӣ роҳандозӣ намуд.

Дар доираи татбиқи ин чорабинии муҳим аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 12 бастаи китоб ба китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияи Айнӣ туҳфа карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби масъулони Корвони китоб фурӯши адабиёти ҷолибу тозанашри бадеӣ бо сифати аъло ба фурӯш монда шуда, муштариён аз он истифода карданд.

Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни боздид аз маъракаи илму маърифат бо мутасаддиён суҳбат карда миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида гуфт, ки воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо зери сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram