Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» доир гардид. Дар он «Шоҳҷоиза»-и озмун ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ба намоиши «Мастер ва Маргарита» аз рӯи асари Михаил Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев дода шуд.
Дар номинаи намоиши беҳтарин намоиши «Пораабри сафеди Чингизхон»-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов сазовори ҷойи якум гардид. Ҷойи дуюм ба намоиши «Зол ва Рудоба»-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода дода шуд. Ҷойи сеюм насиби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Савдо» дар таҳияи Умед Хусравов гардид.
Дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмун Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ва аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат иштирок намуданд.