Имрӯз, 9 май, соати 18:00 бо ташаббус ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Домани имон Ватанам» маҳфили фарҳангии ҳофизи шинохтаи мардумӣ Файзалӣ Ҳасан баргузор мегардад.
Маҳфили фарҳангӣ ба 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ Файзалӣ Ҳасан бахшида мешавад.
Машҳуртарин суруду оҳангҳои Файзалӣ Ҳасан «Тоҷики ман зинда бош!», шеъри Ҷамолиддин Каримзода (соли 1980), «Ҳалқаи гесӯ», шеъри Пайрав Сулаймонӣ (соли 1981), «Шукрона бояд кард», шеъри С. Аюбӣ (соли 1985), «Тоҷикистон Ватанам», шеъри Муҳаммад Ғоиб (соли 1987), «Шукронаи Ватан», шеъри Муҳаммад Ғоиб (соли 1989), «Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо», шеъри Олимхон Исматӣ (соли 1993), «Модар-Ватан», шеъри Алимуҳаммад Муродӣ (соли 2001), «Саршори меҳри Ватан», шеъри Лоиқ (соли 2008) дар хазинаи тиллоии радио ва телевизион ва ёди мухлисон нигоҳ дошта шудаанд.
Тӯли фаъолияти эҷодӣ Файзалӣ Ҳасан ба давлатҳои Эрон, Афғонистон, Фаронса, Русия, Лубнон, Сурия, Қатар, Полша, Олмон, Ҳиндустон ва Покистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.