РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Конференсияи байналмилалии «Бунёдгузори нашри китоб дар Осиёи Марказӣ»​ баргузор шуд

19 майи соли 2023 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 150-солагии маорифпарвари тоҷик Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ конференсияи байналмилалии «Бунёдгузори нашри китоб дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар кори конференсия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, олимону донишмандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва хориҷи мамлакат иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар конференсияи байналмилалӣ меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки​ миллати тоҷик аз шумори қадимтарин миллатҳо ва халқҳои тамаддунсози олам буда, ҳамеша бо китоб ва фарҳанги китобдорӣ пайванди азалӣ дошт.​ Танҳо китоби «Авасто» собит менамояд, ки аҷдоди мо аз қадимулайём баҳри маърифати башар кӯшида, фароҳамсози хазинаи бебаҳои донишу хирад будаанд.

Дар Хуҷанди бостонӣ низ даҳҳо котибону саҳҳофон дар дӯконҳои худ машғули омода кардани китоб буданд ва аз маъруфтарин саҳҳоф, яке аз бунёдгузорони нашри муосири китоб, тоҷири китоб Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ ба шумор мерафт, ки аз ҳунару маҳорати ӯ донишмандони Ҳиндустону Афғонистон, Туркияву Арабистон огоҳ буданд.

Таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо дар заминаи фаъолияти донишгоҳҳои олӣ, шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», нашриёту матбааҳои хусусиву давлатӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои вилоят, муассисаҳои илмӣ, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигар ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ нашри муҳимтарин китобу асарҳо, рисолаҳову монографияҳо, маҷмуаҳо, фарҳангу донишномаҳо сурат гирифта истодааст.

Ҳоло дар вилояти Суғд ба ғайр аз китобхонаҳои соҳаи маориф ва муассисавӣ 362 китобхонаи низоми фарҳанг ҳамарӯза хизматрасонии китобию иттилоотиро таъмин менамоянд.​ Китобхонаҳо​ пайваста ва ба таври доимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо китобҳои тозанашр таъмин карда мешаванд.

Сипас, олимону донишмандон вобаста ба мавзуи конференсия суханрониҳо намуданд ва кори конференсия баъди нисфирӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома ёфт.

Дар доираи баргузории конференсияи байналмилалӣ ҳамзамон аз рӯи муҷассамаи Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ пардабардорӣ шуда, дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Маркази тарғиби китоби ба номи Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ ба фаъолият оғоз кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram