Барои онҳое, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, миқдори квотаҳо зиёд карда шуд. Дар ин бора муовини раиси Россотрудничество Павел Шевтсов зимни ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии «Маорифи Русияву Беларус» хабар додааст.
«Теъдоди квотаҳо барои соли хониши 2023-2024 ба 1000 адад расонида шуд», — гуфта аст ӯ.
Шевтсов ҳамчунин нақши раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин масъала зикр кард.
Қарор дар бораи ҷудо кардани курсиҳои иловагӣ мувофиқи хоҳиши роҳбари ҷумҳурӣ қабул шудааст, қайд намуд ӯ.
Илова бар ин, муовини раиси Россотрудничество таъкид кард, ки ин иқдом низ пас аз машваратҳо бо раҳбарияти Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳамчунин бо ҳамкорони рус ва мустақим бо сафири кишвар дар ҷумҳурӣ амалӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, рӯзҳои 20 ва 21 май дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-Ярмаркаи XI байналмилалии «Маорифи Русияву Беларус. Тоҷикистон» баргузор мешавад.
Довталабон, донишҷӯён, омӯзгорон ва волидон метавонанд дар бораи самтҳои муосири таҳсил дар 39 донишгоҳи Русия ва 10 донишгоҳи Беларус маълумот гиранд.
Гуфта мешавад, рӯзи 23 май ин ярмарка дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад