Дирӯз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар раъси мудири бахши Шӯрои вазирон, вазири саноати кӯҳкорӣ ва геология, дар ҳайати муовини вазири энергетика, намояндагони Ҷамъиятҳои саҳҳомии “Ӯзбекистон темир йӯллари”,”Ӯзкимиёсаноат”, дигар корхонаҳои азими саноатӣ, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон омаданд.
Дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм онҳоро муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, муовинони вазири саноат ва технологияҳои нав, сардори саридораи гелогия, намояндагони корхонаҳои истеҳсоли ангишт ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, сокинони шаҳр бо нону намак ва мусиқӣ пазироӣ намуданд.
Тавре изҳор шуд ин боздид бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маводи сӯзишворӣ, мусоидат ба густариши роҳҳои иртиботӣ, рушди ҳамкориҳо дар бахши саноати кӯҳкорӣ ва роҳу нақлиёт дар заминаи қарордодҳои байниҳукуматӣ сурат мегирад.
Ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин сафар бо фаъолияти ҶДММ “ Дион ангишт Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Моғиён, ҶДММ “Дарё-2015”, ки дар мавзеи Шурбутаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ барои ба таври саноатӣ истеҳсол намудани захираҳои бузурги ангишти минтақаи Киштуд – Заврон корҳои омодагиро ба роҳ мондааст, ҶДММ “Сиёвуш”, ки ба истеҳсоли ангишти мавзеи Шашкат машғул аст, шинос шуданд ва захираҳои ангишт дар ин мавзеъҳо, инфрасохтори онҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ дар ин самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идомаи сафар меҳмонон дар минтақаи Дашти Зарринрӯди Ҷамоати деҳоти Амондара, ки тибқи пешбиниҳо яке аз пойгоҳҳои роҳи оҳани Булунғур- Панҷакент ҷойгир хоҳад шуд, ошно шуданд. Баъди шиносоӣ бо тарҳи роҳ бунёди он барои рушди ҳамкориҳо байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ва дӯст, тиҷорат, ташкили коргоҳҳои муштарак, баромадан ба бозори беруна, истифодаи босамари захираҳои азими маъодини қисми тоҷикистонии водии Зарафшон муҳим арзёбӣ шуд.
Меҳмонон аз зиёрати оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд низ тассуроти нек гирифтанд.
Боздиди ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз дигар шаҳру навоҳии мамлакат идома меёбад.