Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаҳои бардурӯғ ва фиреби қаллобон зиёд ба мушоҳида расида, баъзе шаҳрвандон ба онҳо бовар карда, бо интиқоли маблағҳои калони пулӣ зарари моддӣ-иқтисодӣ дида истодаанд.
Чунончӣ; 5 ноябри соли 2022 шаҳрванд Расгельдиев А.Р. бо истифода аз телефони мобилияш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардуруғ аз номи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Федератсияи Россия оиди ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида барои харидорӣ намудани саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ шинос шудааст. Номбурда ба ин рекламаи бардуруғи қаллобон бовар карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи шахсони номаълум ба тариқи маҷозӣ, ба воситаи барномаи иҷтимоии “Телеграм”, аз моҳи ноябри соли 2022 то моҳи январи соли 2023 дар маҷмӯъ 868500 сомониро ба ҳамёни бонкии “Душанбе Сити” ба рақами +992771112524, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Людмила ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст. Дар натиҷа, шаҳрванд Расгельдиев А. Р. ба доми қаллобон афтида, ба миқдори махсусан калон зарарӣ моддӣ дидааст.
Инчунин, дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ ва тибқи маълумоти бонкӣ маълум гардид, ки танҳо дар давраи зикршуда ба суратҳисоби бонкии мазкур зиёда аз 5,2 млн.сомони маблағҳои гарон гузаронида шуда, дар гардиш қарор доштанд. Аз натиҷаи санҷиш Прокуратураи генералӣ вобаста ба ҳолати мазкур оиди содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон 06 феврали соли 2023 бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии қаллобӣ, дар асоси амри прокурорӣ истифодабарии симкорти болозикр, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шуда, ба рақами он дар бонки “Душанбе Сити” ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шуд.
Мисоли дигар ин, ки 9 феврали соли 2023 ба телефони мобилии шаҳрванд Собиров Ф.С. шахси номаълум занг зада, худро ҳамчун намояндаи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Федератсияи Россия Абрамов Виктор муаррифӣ намуда, таклиф намудааст, ки барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда ба номи “Trading Platform” дар Интернет маълумотҳои шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳоднамудаи барномаи мазкурро иҷро намояд.
Шаҳрванд Собиров Ф.С. ба ин ваъдаҳои бардуруғ бовар карда, бо мақсади гирифтани фоидаи муфт худро дар барномаи болозикр ба қайд гирифта, тибқи шартҳои пешниҳодгардида маълумотҳои шиносномавӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефонашро ба қайд гузошта, бо маслиҳати шахсони номаълум, ки гуё корманди ширкати номбурда мебошанд, аз 16 то 30 марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳоднасмудаи қаллобон дар бонки “Душанбе Сити” ҷамъ ба маблағи 89700 сомониро пардохт намудааст.
Шахсони номаълум, ки бо роҳи қаллобӣ маълумотҳои шахсии СобировФ.С.-ро ба даст овардаанд, бе хабардории охирон ба номаш дар платформаи сармоягузории “Бинанс” дар Интернет аккаунт кушода, бо роҳи қаллобӣ маблағи пулии аз ӯ ба даст овардаро барои харидории криптавалютаҳо истифода бурда, ба номбурда ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд.
Аз натиҷаи санҷиш Прокуратураи генералӣ 6 майи соли 2023 оиди ҳолати содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон бо моддаи 247 қисми4 банди“б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ ирсол кард, ки алҳол тафтишот идома дорад.
Бо мақсади пешгирии содиршавии ин гуна ҷиноятҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда, фаҳмонида мешавад, ки ба чунин рекламаву барномаҳои бардурӯғи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ бовар накарда, шарту талабҳои беасосу ғайриқонунии онҳоро оиди додани маълумотҳои шахсӣ, бақайдгирӣ дар ҳар гуна барномаҳои интернетӣ ва пардохти маблағҳои пулӣ иҷро накарда, аз фаромадан ба доми шахсони ҷиноятпеша эҳтиёткор бошанд.