Дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иброз гардид, ки ҳунари атласу адрасбофӣ таърихи тӯлонӣ дошта, навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки то имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои мамлакат маъмул аст. Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад.
Тибқи Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо, аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши либосҳои арӯсию домодӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии фестивал маҳсули ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамзамон зимни баргузории фестивал аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони шаҳр барномаи фарҳангии рангин пешкаши иштирокдорон карда шуд.
Дар фарҷом беҳтаринҳо бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардиданд.