Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» бахшида ба 100-солагии Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Дар чорабинӣ сафирони ИМА, Туркия, Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус, Узбекистон, Арабистони Саудӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар намоишгоҳ аксҳо ва маълумоте ба намоиш гузошта шудаанд, ки давраҳои гуногуни ҳаёти Ҳайдар Алиев аз қабили фаъолияти расмӣ, кору фаъолият дар даврони Шӯравӣ ва солҳои истиқлолият, вохӯриҳо, сафарҳо ба вилоятҳои Озарбойҷон ва хориҷи кишварро инъикос мекунанд.
Дар чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Намоиши мазкур то рӯзи 1 июни соли 2023 идома меёбад.