РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон тақвият медиҳад

26-уми майи соли равон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонзода Рухшона бо намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулла Мустаев Алмаз Флюрович – муовини ректор оид робитаҳои байналмилалӣ ва Юлбаев Радик Зинатович — мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз ДДОТ хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба сафарбаршавии академии донишҷӯён ва омӯзгорон, табодули таҷрибаи устодон тариқи маҷози ва ҳузурӣ, иштирок дар конференсия, симпозиум, семинар, грантҳои муштарак, лоиҳаҳои ҷолиб ва дигар самтҳои рушди илм баррасӣ гардид.

Инчунин меҳмонон бо донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуда, ба онҳо оиди таҳсил дар зинаи магистратура дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулла маълумот доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram