29 майи соли 2023 дар ноҳияи Сариоғоши вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазақистон дар доираи сафари ҳунарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти тантанавӣ, бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷкистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, дар чорабинӣ намояндагони Сафорати мазкур, ҳокимияти ноҳияи Сариоғош, аҳли фарҳанг ва тоҷикони муқими ноҳияи Сариоғош ширкат намуданд.
Барномаи консертии мазкур дар Қасри фарҳанги ноҳия Сариоғош бо иштироки сарояндагони маъруфи тоҷик, аз ҷумла ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдар, сарояндаҳои маҳбуб Чоршанбе Аловатов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Ситораи Кароматулло ва дигарон доир шуд.