РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қадрдонӣ шуданд

29 майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм маросими қадрдонии ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва иштирокчиёни озмун ширкат намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ вазири маориф ва илм ғолибонро табрик намуда, қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсад аз он саводноккунонии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба шумор меравад.

Сипас ба ғолибони даври дуюми озмун ҷоизаҳо ва туҳфаҳои омоданамудаи Вазорати маориф ва илм супорида шуд. Ҳамчунин, ҳайати тадорукоти озмун аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф бо таҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram