РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ғолибони озмунҳои «Шукуфаҳои пойтахт» ва “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” қадрдонӣ шуданд

Имрӯз дар толори “Кохи Суруш” – и шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шањрӣ, омӯзгорон ва кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт Маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” таҳти уновни “Душанбе – шаҳри ҳушманд” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикору ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати маорифи пойтахт ташкил гардида, он дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе”, ки тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ эълон гардидаанд, баргузор карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ироа карда, аз ҷумла қайд намуд, ки: “Соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ доир намудани силсилаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2023, таҳти №252 “Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе” ба имзо расид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи он аз 26 май то 1 июни соли 2023 дар пойтахт “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” эълон гардидааст.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорию навоварӣ, ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон аз 23 то 28 майи соли 2023 Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе низ эълон карда шудааст.”

Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” таҳти унвони “Душанбе – шаҳри ҳушманд” чорабиниву озмунҳои гуногуни зеҳнӣ, аз қабили озмуни «Барномасозӣ», озмуни расми беҳтарин, озмуни беҳтарин эссе, Форуми наврасону ҷавонон оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии ва конференсияи илмӣ-эҷодии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар шаҳри Душанбе» ташкилу гузаронида шуданд, ки дар онҳо шумораи зиёди хонандагону омӯзгорон ҷалб карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки Фестивали мазкур моҳҳои феврал – майи соли равон дар се давра, байни хонандагони синфҳои 1 — 9 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯйи шартҳои “Ровиён”, “Суруди якка”, “Рақси якка”, “Рақси гурӯҳӣ”, “Хорсароӣ”, “Навозандагӣ”, “Маҳорати актёрӣ” ва ғайра доир кардаа шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” ба таври бошукӯҳ доир шуда, дар идомаи он барномаи фарҳангии омоданамудаи иштирокчиёни Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» пешниҳод гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram