РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ аз чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона-2023” натиҷагирӣ карда шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” аз чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона-2023” натиҷагирӣ карда шуд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъол дар намоишу чорабиниҳои фарҳангии Осорхонаи миллӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сарпарасти кулли чорабинии “Шабе дар Осорхона” дар соли 2023 ширкати «FIFTYFIVE GROUP», сарпарасти расмии чорабинии “Шабе дар Осорхона” дар соли 2023 корхонаи полиграфии «Графика ПРИНТ», шарикони чорабинӣ: МДК «COSMO LAND», ширкати “ШОКОЛАТЬЕ”, ҶДММ “АНАС АВРУПО ВА ОСИЁ”, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Веб-студия ПрофиСайте, ширкати “Абдулло Медиа”, шабакаи кинотеатрҳои “ТАМОШО”, Муассисаи давлатии “Сирки давлатии Тоҷикистон”, ЕврООптика, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, сафоратхонаҳои Арабистони Саудӣ, Фаластин, Россия, Ҳиндустон, Корея, Туркия, Туркманистон, Покистон, Беларус, Фаронса, Ҷопон, намояндагони ВАО аз қабили Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «ХОВАР», телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Душанбе», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Баҳористон», «Мир», нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета», радиои бурунмарзии “Овози тоҷик”, раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, МТМУ №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо «СИПОСНОМА»-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафароз гардонида шуданд.

Маврид ба зикр мебошад, ки барномаҳои чорабинии “Шабе дар Осорхона-2023”-ро 15 ҳазор нафар тамошобинон дидан намуданд. Ҳамчунин иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” муҳимтарин чорабинии Осорхонаи миллӣ буда, ҳамасола дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram