Моҳи июн дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад. Омодагӣ ба форум зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгcок баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар форуми дарпешистода афзалияти аввалиндараҷа бояд ба соҳаҳои саноати сабук, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва тандурустӣ дода шавад.
Мусоҳибон дар анҷом барои боз ҳам тақвият додани ҳамкории мутақобилан судманд байни ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок, бахусус ҷалби сармоя изҳори омодагӣ намуданд.