РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд Рӯзи кӯдакон бошукӯҳ таҷлил гардид

Субҳи имрӯз, 1-уми июн дар Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил шуд. Дар ин бора аз Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.

Дар даромадгоҳи боғ тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.

Аҳли тарбиятгирандакони муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд бо барномаи фарҳангӣ, мааърифатӣ ва варзишӣ табъи меҳмононро болида намуданд.

Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба Раиси вилояти Суғд маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ғайраҳо ироа намуданд.

«Шаҳраки саломатӣ», ки маҳсули дастранҷи ҷомеаи табибони вилоят буд, аз усулу равишҳои нави табобату муолиҷаи наврасону кӯдакон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд. Варзишгарони наврасу ҷавони вилоят маҳорати хешро дар гӯштингирӣ, дзюдо, теннис, шоҳмот, шашка, карате ва ғайра нишон дода, ваъда намуданд, ки ҳамеша Парчамбардори меҳнати азизи хеш мегарданд.

Инчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили тобистонаи соли 2022–юм 100 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуданд. Ин тадбир имсол ва солҳои минбаъда низ идома дода мешавад. Илова бар ин, дар арафаи иди саиди Фитр туҳфаҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ ва варзишӣ ба 654 нафар толибилми мактаб-интернатҳои вилоят аз ҷониби намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуданд.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд. Бояд қайд намуд, ки дар тантанаҳои идонаи боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 50 ҳазор нафар кӯдаку наврас бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ иштирок ва бо фараҳмандӣ рӯзи хешро таҷлил намуданд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram