1 июни соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил гардид. Дар ин бора аз Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокдорон аз намоиши гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, бозиҳои варзишӣ, дастовардҳои муассисаҳои томактабӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби ноҳия– ғолибон ва иштирокдорони озмунҳо ба намоиш гузошта шуд дидан намуданданд.
Сипас, чорабинии тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Саидзода Гулрухсор Гурез оғоз гардида ҳамагонро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно намуд.
Дар идома ба як қатор роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Ёвон барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани кӯдакон Сипосномаи раиси ноҳияи Ёвон дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.
Баъдан, барои болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва мактаби бачагонаи ноҳияи Ёвон манзур гардид.
Дар охири чорабинии фарҳангӣ ба тарбиятгирандагони муассисаҳо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон тақдим гардид.