РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Моҳвораи ҳаёти кӯдакон оғоз шуд

Дар вилояти Хатлон бо ибтикори роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) моҳвораи «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» эълон гардид. Дар заминаи он баробари ба роҳ мондани силсилабарномаҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзишӣ машғулияти омӯзишӣ ҳамчун тадбири муҳими иҷтимоӣ татбиқ мегардад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар доираи чунин иқдоми муҳим муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода аз шуъбаи таваллудии Беморхонаи марказии шаҳри Бохтар боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаи таваллуд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба гуруҳе аз тифлакони навзод туҳфаҳо тақдим гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба кӯдакони навзод ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram