РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев ба Тоҷикистон омад

Имрӯз бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А ба вилояти Суғд ташриф овард.

Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода истиқбол гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 5-6 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузории ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар назар дошта шудааст..

Дар ҷаласаи мушовара нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чандин сол аст, ки ҷаласаҳои Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир шуда, дар он нақшаҳои корӣ ду сохтор барои соли оянда тасдиқ мегардад. Ин мушовараҳо бонавбат, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Россия баргузор карда мешаванд.

Ин ҷаласаҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram