РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ дар Академияи миллии илмҳо конфронс доир гардид

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 100 -солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид. Конфронс таҳти унвони «Ҷойгоҳи Аминҷон Шукӯҳӣ дар адабиёти муосири тоҷик» доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва олимону донишмандон иштирок намуданд

Дар конфронс гуфта шуд, ки Аминҷон Шукӯҳӣ шоири чирадаст, яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти асри XX буда, дар осори ҷовидонааш раҳоварди бузурги дирўзу имрӯзи замонааш бо ифода ва андешаҳои баланди бадеию фалсафӣ ва ахлоқию инсонгароӣ ба риштаи тасвир оварда шудааст.

Аминҷон Шукӯҳӣ дар ҳама жанру навъҳои адабӣ асар эҷод намудааст. Фаъолияти адабии ӯ бо таълифи шеър оғоз гардида, дар тӯли умри худ 8 маҷмӯаи шеър нашр намудааст, ки тасвири масъалаҳои замон, ахлоқу одоби ҳамида, ишқи поки инсонӣ ва дӯстии халқҳо аз мавзӯоти асосии ашъори ӯ мебошад.

Таъкид карда шуд, ки дар эҷодиёти Аминҷон Шукӯҳӣ осори мансур мақоми хоса дошта, ҳикояҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ», «Парии ҷазира», ки маҳсули каломи худи ӯ мебошад, мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Инчунин саҳми ин шоири тавоно дар рушди адабиёти бачагона, публитсистика ва мақолаҳои интиқодӣ низ назаррас аст.


Бояд гуфт, ки Аминҷон Шукӯҳӣ ҳамчун шоири нозукбаён, сиёсатмадори барҷаста дар адабиёти тоҷик зуҳур карда, дар қатори дигар шоирон ба яке аз паҳлуҳои асосии адабиёти тоҷик-назм тозагиҳо ворид намудааст.

Зимни ифтитоҳи конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ таърихиву илмиро аз рукнҳои асосии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр дониста баён дошт, ки ин дастгириҳо бешубҳа аз сиёсати созанда, маорифпарварона ва фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Иштирокдорони конфронс иброз намуданд, ки осори Аминҷон Шукӯҳӣ на танҳо имрӯз, балки фардо низ барои миллати тоҷик, хусусан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти хосса дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram