14 июн дар шаҳри Гулистон мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Ҳайати вилояти Суғдро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистонро намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ намуданд.
Дар мулоқот фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, роҳбаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ иштирок доштанд.
Дар мулоқоти дуҷонибаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев тарафҳо аз фаъолияти гурӯҳи корӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҷонибҳо мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна яроқ дар суҳбати генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев баррасӣ шуда, тарафҳо барои идомаи музокирот ва бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои пешоянда мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои азсар гирифтани муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамсоядорӣ изҳор доштанд.
Дар охир аз рӯи натиҷаи мулоқоти имрӯза протокол омода гардида, аз ҷониби фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев имзо гузошта шуд.