Дар шаҳри Боку Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо раиси Раёсати Агентии рушди минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон Элшод Нуриев мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ раиси Агентии рушди минтақаҳои иқтисодии Озарбойҷон ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи паркҳо ва минтақаҳои саноатӣ, ки дар Озарбойҷон фаъолият доранд, инчунин оид ба имтиёзҳое, ки барои соҳибкорон фароҳам оварда шудааст, маълумоти муфассал дод.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон бо фаъолияти паркҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти Парки саноати кимиёи Сумгаит ва раванди истеҳсоли корхонаи қубурҳои пӯлодӣ «Азертехнолайн» шинос шуд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар бахши саноат аз ҳисоби коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад.