Аз 13 то 14 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 51-уми Кумитаи илмӣ-техникӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқати Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, ҷаласаи 51-уми Комиссияи илмӣ-техникӣ оид ба аккредитатсия, ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи корӣ оид ба таъсиси Созмони минтақавӣ оид ба аккредитатсия ва ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи корӣ оид ба рафъи монеаҳои техникӣ дар минтақаи савдои озод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Агентии Тоҷикстандарт хабар доданд.
Қабл аз оғози ҷаласаи якум бо иштироки директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон ва намояндаи Бюро оид ба стандартҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, директор ва котиби масъули Шӯрои байнидавлатӣ Черняк Владимир Николаевич ба як қатор соҳибкорони ватанӣ — иштирокчиёни озмуни “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷоизаҳои махсус супорида шуд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуда, барои иштироки фаъолонаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни “Дарёфти ҷоми сифати ИДМ” изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар кори ҷаласаҳо намояндагони мақомоти марбутаи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Бюро оид ба стандартҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, ҳамзамон, масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи 51-уми Кумитаи илмӣ-техникӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат, аз ҷумла, масъалаҳо оид ба гузаронидани корҳо аз тарафи мақомотҳои миллӣ доир ба стандартизатсия ва баҳодиҳии мутобиқат (табодули таҷрибаҳо, маводҳои иттилиоотӣ) ва нақшаи минбаъдаи фаъолият ва омӯзиши мутахассисон барои солҳои минбаъда, Созишнома дар бораи принсипҳои баргузорӣ ва эътирофи корҳои сертификаткунонии байниҳамдигарӣ, татбиқи қарори Шӯрои роҳбарони давлатҳои ИДМ дар бораи озмуни дарёфти ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо, татбиқи стратегияи рушди ШБД дар давраи то соли 2030 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар раванди ҷаласа аз ҷониби аъзоён дар бораи фаъолияти стандартизатсия ва баҳодиҳии мутобиқати давлатҳои аъзо маълумот дода шуд. Дар ин робита, Мирзоён Раҳмоншо, муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт доир ба масъалаҳои мазкур баромад карда, оид ба муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа дар давоми соли 2022-23 ва корҳои анҷомдода суханронӣ намуд. Аз тарафи аъзоён саҳми Агентии Тоҷикстандарт дар ин давра назаррас арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, дар робита бо ин намояндагони мақомоти сертификаткунонии давлатҳои аъзо нисбат ба самаранокии системаҳои миллии баҳодиҳии мутобиқат ҷиҳати эътирофи натиҷаҳои корҳо оид ба сертификаткунонӣ суханронӣ намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рӯ ба афзоиш дорад ва ин маънои онро дорад, ки воридоти даҳҳо номӯи маҳсулоти ашёи хом аз хориҷи кишвар кам гардида, он дар дохили кишвар коркард ва истеҳсол мегардад. Ин имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар гардад.
Бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз тарафи Агентӣ якчанд тадбирҳо, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ идома дода шуда истодааст ва ин ба корхонаҳои ватанӣ барои истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти натиҷагирӣ аз омӯзишҳо ва таҷрибаҳои андухта ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти соҳа таъсис додани марказҳои махсуси хизматрасонӣ бо истифода аз ҳукумати электронӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати пурра ҷорӣ намудани усули равзанаи ягона, тақвият додани ҳамкориҳо бо давлатҳои аъзои ИДМ ва баргузории курсҳои омӯзишӣ дар дохили кишвар бо ҷалби коршиносон барои мутахассисони соҳа мувофиқи мақсад мебошад.
Мусаллам аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо, рушди соҳаи стандартонӣ ва дар ин замина ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорад.
Иштирок дар чунин семинару ҷаласаҳо ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба манфиати соҳа буда, дар ин замина ба пешбурди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамоянд.