12 июни соли равон ҷаласаи якуми муколамаи Ҳизби Коммунистии Хитой ва ҳизбҳои сиёсии Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Сарнавишти муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ: масъулияти ҳизбҳои сиёсӣ» баргузор гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи майи соли равон бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой Саммити «Хитой – Осиёи Марказӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҷиҳати татбиҳи ҳуҷҷатҳои қабулшуда бо пешниҳоди Ҳизби Коммунистии Хитой ҷаласаи якуми муколамаи Ҳизби Коммунистии Хитой ва ҳизбҳои сиёсии Осиёи Марказӣ доир гардид.
Ин Саммит тарҳи рушди ояндаи равобити Хитой ва Осиёи Марказиро муайян намуд. Ҳизби коммунисти Хитой бо аҳзоби сиёсии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои амалӣ кардани тавофуқи муҳими бадастомадаи Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва сарони панҷ кишвар баҳри бунёди ҷомеаи Чину Осиёи Марказӣ ин ҳамоишро роҳандозӣ намудаст.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суҳбат зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар масъалаи муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор оварад.
Мавсуф дар идома қайд намуд, ки соли гузашта Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд. Дар ин муддат муносибатҳои байни мамлакатҳои мо марҳила ба марҳила мустаҳкам шуда, ба зинаи нави ташаккул баромад. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил, эҳтирому эътимод ба ҳамдигар бомуваффақият инкишоф меёбанд.
Зимни суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки натиҷаи гуфтушуниди охири сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин аснои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, боварии моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам устувортар мегардонанд ва ҳамкории дарозмуддати байни давлатхҳои мо дар тамоми ҷабҳа вусъати бемислу монандро ба миён хоҳанд овард.
Намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҳамоиш ба хулосае омаданд, ки ба хотири мусоидат ба рушди осоиштаи минтақа, табодули таҷрибаро бо Ҳизби коммунисти Хитой вусъат мебахшанд.