19 июн дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад. Бо ин мақсад ҳайати 30 — нафараи соҳибкорону сармоягузорони ин мамлакат ба Душанбе меояд. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории Форум ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ намудан дар соҳаҳои гуногуни сармоягузорию иқтисодӣ мебошад.
Дар доираи Форуми мазкур вохӯрии дуҷониба дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (B2B) баргузор шуда, инчунин имзои санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Корея дар назар аст.
Ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Корея дар ҳошияи Форум бо мақсади шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз минтақаҳои саноатии мамлакат ва дигар лоиҳаҳои татбиқшаванда, инчунин аз мавзеъҳои тарихию фарҳангӣ боздид менамояд.