15 июни соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар байни занон- хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Дар ҷамъбасти озмуни мазкур муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева, муовинони раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, Заррина Абдулмаинзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ доктори илмҳои сиёсӣ Комилбек Амид Ёрбек ва намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода зикр кард, ки бори аввал аст, ки мо чунин озмунро дар ҷумҳури роҳандозӣ намуда, аввалин шуда, мо ин озмунро аз ВМКБ шурӯъ кардем. Мақсад аз баргузор намудани чунин озмунҳо, ин омода намудани кадрҳои баландихтисос барои тамоми соҳаҳои мамлакат аз ҳисоби занону бонувон мебошад ва озмуни мазкур дар муддати 7 сол дар мамлакат баргузор мегардад.
Довталабон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, шаш нафар сазовори ҷойи якум гардида, бо диплом сарфароз гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон, барои шахсоне, ки дар курси Зан – сарвар иштирок доштанд, гувоҳнома тақдим карда шуд.