РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ҳамоиши ҷашнӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам, Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, аъзоёни Шӯрои куҳансолон Кароматулло Олимов, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Шамсиддин Орумбекзода, Бозгул Додхудоева, Адолат Уроқова ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш миёни олимон ва ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи таърихии сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Инчунин, дар ҷараёни ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам аз натиҷаи фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ дар давоми нимсолаи аваали соли 2023 ҳисоботи фишурда ироа намуд.

Ҳамзамон, меҳмонони ифтихории ҳамоиш Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ва директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Зафаршо Иброҳимзода суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик нақши басо бузургро иҷро кардааст.

Дар охири ҳамоиш барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам ва Мушовири калони ин ниҳод Додхудо Шарифзода бо “Сипоснома”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гадиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram