РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Истеъдодҳои ҷавони Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» иштирок менамоянд

Субҳи имрӯз даҳ нафар мактаббачагон-истеъдодҳои ҷавони мамлакат ҷиҳати иштирок дар Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод», ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, озими шаҳри Тошканд шуданд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҳадафи асосии лоиҳа эҷоди майдони байналмилалӣ барои тарбияи кӯдакону ҷавонон дар руҳияи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ мебошад.

Таваҷҷуҳи асосии анҷумани имсола «Кӯдакони Иттиҳод: пайванди ногусастании замонҳо ва наслҳо» мебошад. Ҳайатҳои намояндагон дар ин Анҷуман анъана ва урфу одатҳои миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муаррифӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми мавҷудияти Анҷуман  дар он зиёда аз 600 нафар мактаббачагон аз 9 давлати узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия иштирок намудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram