РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳмадсаид Шоҳиён бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар вохӯрӣ кард

19-уми июни соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу синамо, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, дарсҳои «Устоду шогирд», тарҷума ва дубляжи касбии филмҳо ибрози ақида карда шуд.

Изҳори хоҳиш карда шуд, ки дар оянда тақвият ва таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои синамогарӣ ва ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии тоҷику турк ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram