20 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон натиҷаи Аккредмтатсияи байналмилалӣ эълон гардид, ки 10 ихтисоси ДМТ соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ гашт. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова, намояндаи агентӣ Олга Яновская, намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, раёсату устодон ва кормандони ДМТ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 10 ихтисоси Донишгоҳи миллӣ аз Аккредитатсияи байналмилалии мазкур гузашт ва соҳиби шаҳодатнома гашт.