РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Директори «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо Президенти Академияи телевизион ва радиои Авруосиё Валерий Рузин мулоқот кард

21-уми июни соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо муовини Котиби кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, Президенти Академияи телевизион ва радиои Авруосиё Рузин Валерий Давидович вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ доир ба тавсеаи робитаю ҳамкориҳои мутақобилан судманд, баргузории чорабиниҳои синамоӣ, дарси «Устод ва шогирд», филмбардории муштарак, тарбия ва омода кардани кадрҳои соҳа изҳори андеша карда шуд.

Меҳмонон аз пазироии самимӣ ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани Ассамблеяи халқҳои Авруосиё дар Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ ва миннатдорӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram