Кормандони милитсияи пойтахт аз Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, дидан намуданд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Чуноне зимни боздид ба кормандони милитсия иттилоъ дода шуд, Осорхонаи Пешвои миллат муассисаи таърихӣ-фарҳангӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 22-юми январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидааст.
Осорхонаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф мебошад.
Кормандони ҷавони мақомоти милитсияи пойтахт аз тамошои экспонатҳои осорхонаи мазкур, ки даврони таҳсили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассисаи олии кишварро фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд, ба худ ҷаҳони маънӣ бардоштанд.
Дар маҷмуъ Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои ҳар як нафар дар роҳи аз бар намудани илму дониш роҳнамои арзанда мебошад.
Ҳамзамон кормандони милитсияи пойтахт аз маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дидан намуданд, ки дар ин марказ зиёда аз 700 номгӯи адабиёт оид ба фаъолияти давлатдории Пешвои миллат гирдоварӣ карда шудааст, ки дар доираи илм, таҳқиқу пажуҳиши самтҳои мухталифи мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳисоб мераванд.