РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Равшан Раҳмонӣ: Ҷашни Тиргон – Рўзи нависандагон низ…

Соли 2019 Пешвои миллат дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажўҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирўз то имрўз» ишорат бар он намуданд, ки ҷашнҳои бостонӣ аз ҷумла «Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон)… дар марҳалаи таърихи навин нигоҳи тоза мехоҳад».

 Чаро дар замонҳои бостон ниёгони мо ҷашнҳои зиёд доштанд? Маънои вожаи ҷашн (авестоӣ: ясна) парастишу ситоишу шодмонӣ ва ид аст. Ниёгони мо аз замонҳои бостон тамоми корҳо ва рўзҳои неки зиндагиро якҷо, дастаҷамъона бо шодиву сурур, яъне бо ҷашн анҷом медоданд. Ҷашн ин наздикии гурўҳи одамон, ҷашн иттиҳоди неру, ҷашн дар якҷоягӣ бартараф намудани мушкилиҳо, ҷашн ба якдигар ёрӣ расонидан, ҷашн иттифоқ аст. Ҷашнҳоро тибқи гоҳшумории замони бостон ба воситаи гардиши хуршед дар раванди корҳои нек таҷлил менамуданд.

Дар даврони бостон, тахминан 5-6 ҳазор сол пеш ниёгони мо дар чор фасли сол чор ҷашни муҳим доштанд. Дар баҳор – Наврўз, дар тобистон – Тиргон, дар тирамоҳ – Меҳргон, дар зимистон – Сада.

Ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврўз ва Меҳргон вобаста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав устувортар намуда, онҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд.

Пас аз Наврўз, зери таъсири фурўѓи хуршед ҳаво гармтар мешавад. Тамоми кишти деҳқон мепазад. Моҳи тир (тирмоҳ = 21 июн то 21 июл) гармтарин моҳ меояд. Ҷамъоварии ҳосил фаро мерасад. Дар ин моҳ кишоварзон ба дарави ѓалла мепардозанд. Ба ин муносибат 13-уми тирмоҳ (3-уми июл), ки номи рўзи тирмоҳро дорад, ниёгони мо ҷашни Тиргонро таҷлил менамуданд.

Аз таърихи башарият медонем, ки дар гузаштаҳои дур мардум ба эзидони (худоҳои) зиёд бовар доштанд. Ҳар ҳодиса, воқеа ва рўйдоди зиндагиро ба эзиди махсус вобаста мешумориданд. Ба вай рўй оварда ниёиш менамуданд ва аз рўзгори ҳаррўзаи хеш дар пайвастагии он шукургузорӣ мекарданд.

Моҳҳои мардуми ориётабор аз 12 моҳ иборат буда, ҳар рўзи ҳар моҳи сирўза низ номи фариштаеро дошт. Яъне 30 рўз дорои номи махсус буд: 1. Ҳурмузд (номи Худо); 2. Баҳман (андешаи нек); 3. Урдибиҳишт (беҳтарин ростӣ); 4. Шаҳривар (шаҳриёри неруманд); 5. Исфанд (фурўтанӣ); 6. Хурдод (тандурустӣ); 7. Мурдод (бемаргӣ); 8. Дай-ба-озар (офаридгори оташ); 9. Озар (оташ, фурўѓ); 10. Обон (обҳои судманд); 11. Хур / хуршед (офтоб); 12. Моҳ (моҳ); 13. Тир (ситораи борон, ситораи тир); 14. Гуш (ҷаҳон ва зиндагӣ); 15. Дай-ба-меҳр (офаридгор, барои эзади Меҳр); 16. Меҳр (паймон, дўстӣ); 17. Суруш (фармонбардорӣ); 18. Рашн (додгарӣ); 19.  Фарвардин (ҳимоятгари рўҳу равон); 20. Баҳром (пирўзӣ); 21. Ром (шодмонӣ); 22. Бод (бод, шамол); 23. Дай (ё дай-ба-дин; офаридгори боварӣ, эътиқод); 24. Дин (эътиқод, биниши дарунӣ); 25. Ард (ҳадяи нек); 26. Аштод (адолат); 27. Осмон (осмон); 28. Зомйод (замин); 29. Меҳроспанд (муқаддас, гуфтори нек); 30. Анирон (равшании беохир).

Маъмулан яке аз рўзҳои ҳар моҳ бо номи ҳамон 12 моҳ ҳамном мешуд. Аз ин рў, он рўзи ҳамномро чун рўзи нек бо шодиву сурур ҷашн мегирифтанд, ба он эҳтиром мегузоштанд ва ниёиш менамуданд.

Барои он ки хонанда дақиқтар огоҳ шавад мо номи он 12 моҳ ва рўзи ҷашнҳои онро низ дар қавс меорем: 1. Фарвардин (нуздаҳуми фарвардин). 2. Урдубиҳишт (сеюми урдубиҳишт). 3. Хурдод (шашуми хурдод). 4. Тир (сездаҳи тир). 5. Мурдод (ҳафтуми мурдод). 6. Шаҳривар (чоруми шаҳривар). 7. Меҳр (шоздаҳуми меҳр). 8. Обон (дуҳуми обон). 9. Озар (нуҳуми озар). 10. Дай (дайгон ё хуррамрўз=аввали дай; дайгони дуввум=ҳаштуми дай; дайгони севвум=понздаҳи дай; дайгони чорум= бисту севвуми дай). 11. Баҳман (дуюми баҳман). 12. Исфанд (панҷуми исфанд).

Моҳи Тир (тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар Тобистон рост меояд. Дар ин давра ѓалла ва меваҳои зиёде мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ѓаллакорон оѓоз мешавад. Барои идомаи кишту кор дар ин айём об аҳамияти вижае дошт. Ба ин ҷиҳат дар пайвастагии гардиши офтоб, таҷлил ҷашни Тиргон муҳим буд. Аз тариқи он мардум бо иҷрои оинҳо ва шодиву нишот ва бо ниёиш аз эзидони худ талаб менамуданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин нигоҳ доранд. Мувофиқи ҳамон суннати гоҳшумории ниёгон Тиргон дар рўзи сездаҳуми моҳи тир (тирмоҳ) ҷашн гирифта мешуд, ки ин рўз тибқи солшумории имсол (2020) баробари 3 июл мебошад.

Пас аз он ки оини зардуштӣ густариш пайдо намуд, ҷашни тиргон ба гиромидошти эзиди (худои) Тиштар марбут гашт, ки дар «Авесто» аз он ёд шудааст. Дар фарҳанги суннатии мардуми ориёитабор Тиштар номи эзид ва ситораи бороновар аст. Аз ҳамин назар ин ҷашн мувофиқи анъанаи ниёгон дар рўзи тир, яъне рўзи сездаҳуми тирмоҳ барпо мешуд. Дар бораи эзиди Тиштар дар яке аз яштҳои Авесто «Тир-яшт» низ бо муҳаббат ёд шудааст. Устураи машҳуртарини ин Яшт дар бораи Тиштар буда, он вобастаи борон аст. Тиштар ҳамеша дар миёни некӣ ва бадӣ қарор дошта, дар «Тир-яшт»-и Авесто бо некӣ ёд мешавад. Ин эзиди борон дар 10 рўзи аввали моҳ симои ҷавони 15-соларо; дар 10 рўзи дуюм чеҳраи говро бо шохҳои заррин; дар 10 рўзи сеюм чеҳраи аспи сафеду зеборо бо гўшҳои заррин мегирифт.

Ҳанўз соли 2006 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» зимни пажўҳиши хеш ба ин эзид таваҷҷуҳ намудаанд. Дар байни мардум ба мисли дигар эзидҳо оид ба Тиштар низ ақидаҳое вуҷуд доштанд; рафтору амалҳои Тиштарро низ мувофиқи оинҳои бостонӣ аз насл ба насл ҳикоят менамуданд. Ҳар соле, ки ҷилави абрҳоро неруҳи аҳриманӣ мегирифтанд бо мадади Аҳурамаздо эзиди Тиштар ба ёрии онҳо мешитофт. Дар ин бора Пешвои миллат чунин ёдовар шудаанд:

«Дар тасаввури онҳо Тиштарйа – фариштаи раъду барқ, борон, фаровонҳосилӣ ва ризқу рўзӣ дар паи ҷустуҷўи нозу неъмати одамон бо деви Апауша, ки душмани инсон, фарвонӣ ва ҳабскунандаи борон мебошад, ҳамеша дар набард ва мубориза мебошад… Моҷарои набарду пирўзии Тиштарйа бар Апауша – деви хушкӣ тамсиле аз фасли тобистон, хушкию камобии даштҳои беканори Осиёи Марказӣ ва кўшишҳои асотирие, ки омехта бо эътиқодҳои оммавӣ ҷиҳати тавлиди борон мебошад. Ориёиён чунин мепиндоштанд, ки Тиштарйа ситораи падидоварандаи боронҳои судманд дар тобистон ва бавуҷудоварандаи обҳои зинда мебошад. Мувофиқи ин устура, Апауша – деви палиди хушкӣ обҳоро зиндонӣ сохта, ба замин намедод ва аз ўҳдаи раҳоию кушодани обҳо ѓайр аз Тиштарйа каси дигар намебаромад…»

Тиштар ба Апауша пирўз мешаваду обу борон ба киштзорҳо мерезанду зиндагии нав идома меёбад. Ин аст, ки пирўзии Тиштар ба Апауша ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфти муҳаққиқон ҷашни Тиргон ҷашни ҳамин пирўзӣ мебошад.

Ба монанди ҷашнҳои Сада, Наврўз ва Меҳргон дар бораи ҷашни Тиргон низ устура ва ривоятҳое ба вуҷуд омадааст, ки аз тариқи осори навишторӣ то имрўз расидааст. Чанде аз онро ёдовар мешавем:

Тиргон ҷашни сулҳ. Манучеҳр шоҳи Эронзамин мехоҳад бо шоҳи Тўронзамин Афросиёб сулҳ намояд. Ҳар ду шоҳ ба чунин натиҷа мерасанд, ки камонваре тире раҳо намояд ва он тир дар ҳар ҷое, ки афтад марзи Эрону Тўрон таин шавад. Манучеҳр аз паҳлавони ватандўсти номдор Ораши поку озодаву тандуруст хоҳиш менамояд, ки маҳорати худро нишон диҳад. Ба гуфти Берунӣ: «Ораши бараҳна ва бо қуввату неруи худованд камонро то баногўш кашида раҳо кард. Худованд бодро амр кард, ки тири ўро аз кўҳи Рўён ба марзи Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад». Бо ёрии эзид фариштаи Бод тирро то канори рўди Ҷайҳун мебарад. Тир ба танаи калонтарин дарахати чормағзе бармехўрад. Марзи Эрон ва Тўрон таин мешавад ва сулҳ барқарор мегардад. Ин рўз, ки дар моҳи тир ва рўзи тир буд ҷашн гирифта шуд ва онро Тиргон гуфтанд.

Тиргон ҳамномии моҳ ва рўз. Дар замонҳои қадим, тавре ки ёдовар шудем, номҳои моҳҳо 30 рўз буда ҳар рўз номе дошт. Бо гардиши офтобу солу моҳ, он рўзе, ки бо номи ҳамон моҳ дар як рўз баробар ояд, онро ҷашн мегирифтанд. Дар моҳи тир рўзи тир 13-ум (3 июл) аст, ки ба ин муносибат дар тобистон ҷашни Тиргон баргузор мешуд.

Тиргон ҷашни борону об бар зидди хушксолӣ. Дар устураи дигаре омадааст, ки ситораи Тиштар, ки онро эзиду фариштаи борон низ мегўянд, дар қиёфаи аспи сафед ба дарё фурў меравад. Дар он ҷо бо деви хушксолӣ Апауш, ки ба қиёфаи аспи сиёҳ аст, чанд рўз набард мекунаду шикаст мехўрад. Дар набардҳои баъдӣ вай бо ёрии Аҳрумаздо бар он деви хушксолӣ пирўз мешавад. Сипас обҳо ба киштзорҳо ҷорӣ мешаванд. Бод боронҳои зиндагибахшро бар ҳафт кишвар мерезад, он рўз 13-уми моҳи тир буд. Ривоят мекунанд, ки ба умеди боридани борон мардум дар солҳои хушксолӣ, дар моҳи тир, дар рўзи тир ҷашне баргузор намуда, дар боѓу роѓ, дашту даман, доманаи дараву кўҳҳо шодиву сурур, рақсу бозӣ, обпошиву оббозӣ мекарданд. Номи ин ҷашнро Тиргон гуфтанд.

Тиргон оини обпошон. Шоҳи Эронзамин Кайхусрав ба чашмае оббозӣ карда, фариштаеро мебинаду беҳуш мешавад. Ба рўяш об мепошанд. Ба ҳуш меояд. Барояш мегўянд, ки маяндеш, ҳамаш хуб аст. Баъд дар он ҷо деҳае сохта номи онро «Майяндеш» мегузоранд ва бо гузашти замон «Андеш» мешавад. Ба гуфти Берунӣ ва Гардезӣ дар ин моҳ обпошӣ ва оббозӣ кардан ба ёди ҳамон чашмаю фаришта бар муқобили хушксолӣ чун оин боқӣ монд. Дар ин рўзи тиргон мардум ба шодиву сурур, ҷашни обпошон (обрезгон, саршурон)-ро баргузор намуда, аз эзиди борон мехостанд, ки боронро фаровон созаду хушксолӣ нашавад.

Тиргон ва ситораи Тиштар (Суҳайл). Дар қисми ҷануби осмон дар фасли тобистон ситораи дурахшоне пайдо мешавад, ки онро «Суҳайл», «Суҳайли Яман», «Суҳайли Ямонӣ» мегўянд. Ин ҳамон ситораи Тиштар буда, маъмулан дар чиллаи тобистон намоён мешавад. Ҳанўз ҳам, дар байни тоҷикон, дар рўзҳои чиллаи Тобистон, гоҳе калонсолон дурахшиши ситораи Суҳайлро ба некӣ ба ёд меоранд ва хушнуд мешаванд. Дар баъзе ҷойҳо занҳои тоҷик ҳоло ҳам баробари дидани моҳи аввал ва ситораи дурахшони Суҳайл бо шодмонӣ ҳафт маротиба аз ҷои худ «боло-боло» ҷаҳида мегўянд: «шодӣ, шодӣ, худо баракат диҳад, серию пурӣ шавад». Шояд ин яке аз нишонае аз ҷашни Тиргон аст, ки дар ёдҳо мондааст.

Тиргон ва пухтани меваю гандум. Ба гуфти Берунӣ пас аз он ки Афросиёб заминҳои Эронро ишѓол карда, то тангие рафт, аҳволи мардум сахт шуд. Ватанро дифоъ карда, ҳатто барои орд кардани гандум ва пухтани нон фурсат намеёфтанд. Аз гуруснагӣ ва ночорӣ гандум ва меваҳои норсидаро мепухтанд. Пас аз сулҳу оромиш оини пухтани меваю ганду бо шодмонӣ ва ҷашну сурур дар рўзи тири моҳи тир расм шуд.

Тиргон – ситораи нависандагон. Ниёгони мо дар канори фарҳанги гуфторӣ, ба осори навишторӣ низ эҳтиром доранд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рўзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагону котибон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти Берунӣ ҳифзи дунё, яъне «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат ва китобат намудан бо ҳам наздик мебошанд: «Ва китобат дар пайравии он аз Ҳушанг содир шуд ва деҳқанатро бародари ў Вигард расм намуд. Номи ҳамон рўз Тир аст, ки онро Уторид низ мегўянд, ки он ситораи нависандагон аст… Деҳқанату китобат як чиз аст… Ва ин рўзро аз роҳи ҷалолият ид карданд. Дар ин рўз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипўшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Дар ин рўз мулуку деҳқонону мўбадон ва ѓайри эшон ин либосро пўшиданд… То рўзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ монд». Ба ин ҷиҳат ҷашни Тиргон дар гузашта рўзи бузургдошти нависандагон низ будааст.

Тиргони кўчак ва Тиргони бузург. Ба мисли Наврўзу Меҳргон ҷашни Тиргон низ хурду бузург доштааст. Берунӣ гуфтааст: «Рўзи партоб кардани тир рўзи тир мебошад, ки он тиргони кўчак аст. Ва рўзи чордаҳуми он ки шаш рўз аст, тиргони бузург бошад. Дар ин рўз хабар оварданд, ки тир ба куҷо афтодааст. Ва дар ин рўз мардум олоти табҳу танўрҳоро мешикананд, зеро дар ин рўз буд, ки онҳо аз Афросиёб раҳоӣ ёфтанд. Ва ҳар як ба кори худ машѓул шуданд».

Оинҳои тиргонӣ. Ҳамин тавр ҷашни Тиргон дар байни ниёгони мо шуҳрат доштаст, ки шодмониҳо ва баъзе аз нишонаҳои вобаста ба он то имрўз дар ёди калонсолон мондааст. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз ҷуфтронони деҳқонон, ки «одатан дар шабҳои тобистон» будааст, ёд намуда гуфтаанд, ки «дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши он ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ  буд». Сурудхонии деҳқонон ҳамон нишонаи шодиву сурури тиргонӣ аз замонҳои бостон аст, ки то имрўз расидааст.

То охири асри ХХ кишоварзони тоҷик ѓалларо дар фасли тобистон дар шаб дарав мекарданд, ки онро «шабдарав» мегуфтанд. «Шабдарав» бо шодиву суруду тарона мегузашт, яъне кор ва ҷашн бо якҷо буд, ки ин нишоти тиргонӣ то солҳои наздик дар тамоми минтақаҳои кўҳистони тоҷикнишини Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Дар тобистон, дар моҳи тир ҳангоми дарави ѓалла кишоварзони тоҷик барои сабук намудани кори худ сурудҳои «Ман доѓ», «Яккафарёд», «Анталҳо», «Ёзӣ», «Майдаё», «Ё аллоҳ» ва ѓайраро месароиданд. Дар баъзе ҷойҳо оинҳои «Досбагардан» (Гардандосӣ), «Чошбаророн» бозии «Дарзапартояк» баргузор мешуд. Ҳамаи ин амалҳо нишоннаҳои ҷашни Тиргон буда, аз ҳамон рўзгорони дур то имрўз расидааст.

Нишонаҳои ҷашни Тиргонро дар пайвастагии оинҳои фасли тобистон дар байни тоҷикон ва ориёитаборонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Афѓонистон ва дигар кишварҳое, ки дар домани фарҳанги мардуми  эронитабор парвариш ёфтаанд, метавон ҷуст. Аз ҷумла тавре ки дар байни тоҷикон калонсолон ёд мекунанд баромади ситораи Суҳайл (Тиштар) ба рўзи чиллаи тобистон, мувофиқ аст. Аз намоён шудани он мардум шодмонӣ мекунанд ва хушҳол мешаванд, ки зиндагиашон бобаракат мешавад. Яъне баромади Суҳайл (Тиштар) ин ҳамон нишонаи ҷашни Тиргон аст.

Яке аз оинҳои ҷашни Тиргон ин «Фоли кўза» аст, ки дар гузаштаҳо маъмул буд. Дар ин оин бештар духтарони болиѓ иштирок менамоянд. Тарзи баргузории «Фоли кўза» чунин аст: як рўз пеш аз ҷашн аз байни духтарони дўшиза якеро интихоб намуда, ба вай як кўзаи сафоли сабзранги даҳонаш кушода медиҳанд. Духтар кўзаро бо оби покиза пур намуда даҳони онро бо як рўймоли сабзи абрешимӣ мепўшонад. Сипас кўзаро духтаре ба навбат ба назди духтароне мебарад, ки дар дил орзуе доранд. Ҳар нафари ширкаткунанда, чизеро ба дохили кўза меандозанд. Мисол: гўшвора, ангуштарӣ, сикка, гиреҳбанди мўй ва ѓайра. Баъди ин амал кўзаро ба таги дарахти сабзе ба мисли арча ва ё сарв мегузоранд. Рўзи дигар ҷашн оѓоз мешавад. Мардум зимни шодмонӣ ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд. Ҳамон духтароне, ки ба оини «Фоли кўза» ширкат кардан хоста ба кўза чизе андохта буданд, ба маконе ҷамъ меоянд. Баъдан он духтаре, ки кўзаро дар таги дарахт гузошта буд, онро меорад. Занҳо рафтори духтаронро тамошо мекунанд ва барояшон шеър мехонанд. Пас аз шеър дўшизаи посбони кўза дасташро бар даруни он андохта яке аз чизҳоро берун мебарорад ва шеъри хондашударо марбути вай медонанд. Занҳои калонсол мазумин шеърро шарҳ медиҳанд ва зимнан орзуву омоли он духтарро мепурсанд. Дар аксари маврид мазмуни шеър ба орзуву нияти соҳиби он чиз мувофиқ меояд. Ин оин дар Бухоро, баъзе минтақаҳои Эрон ва Афѓонистон низ вуҷуд дошт.

Оини дигаре, ки вижаи ҷашни Тиргон аст, оини «Дастбанди тир ва бод» мебошад, ки ҳоло ҳам дар байни зардуштиёни Киромон маъмул аст. Мардуме, ки ба ҷашн ширкат доранд ҳама хурду калон дар аввали ҷашн пас аз хўрдани шириниҳо бандеро, ки аз ҳафт тор риштаи ҳафтранги мисли тиру камон аст, ба дасти худ мебанданд. Номи ин бандро «Тир ва бод» низ мегўянд. Ин риштаи ҳафтранги дар банди даст бастаро то 9-10 рўз, яъне то рўзи бод, нигоҳ медоранд. Баъди гузаштани 10 рўз, гўё рўзи бод мерасад. Дар рўзи бод мардум гурўҳ-гурўҳ, ё чанднафарӣ ба баландие мебароянд, ки маъмулан дар он ҷо вазиши бод аст. Маслан, ба тепа, тал, болои бом, кўҳ баромада он бандро аз банди дастони худ кушода ба бод, ба ҳаво, сар медиҳанд. Дар ин амал чанд эътиқоде нуҳуфта аст: яке ҳар орзуе, ки дар дил доранд аз эзид таманно мекунанд, ки иҷро шавад; дигаре он аст, ки бо ёрии эзиди бод аз ҳаво гузаштани тири Орашро ба ёд меоранд. Ҳанўз ҳам дар байни мардуми Язду Кирмон ҳангоми ба бод супоридани дастбанди ҳафтранг хурдсолон ва наврасон таронаи зеринро месароянд, ки нависандаи ин сатрҳо онро шунида, дар ҳамин шакл аз зардуштиёни Язд сабт намудааст:

Тир буру бод биё,

Ѓам буру шод биё,

Меҳнат буру рўзӣ биё,

Хўшаи марворӣ биё.

Дар ин порчаи манзуми хурди содаю самимӣ аз як тараф тиру камони Ораши Камогир ёд шуда аз равиши тир омадани боди форам, аз рафтани ѓам, омадани шодмонӣ ёд шавад; аз тарафи дигар заҳмати кишоварзон пас аз меҳнати ба даст овардани ризқу рўзӣ, ки он дар дарав намудани ѓаллаи гандум, яъне «хўшаи марворӣ» аст, ёдоварӣ гардидааст. Ин оинҳо дар моҳи тир (21 июн — 21 июл) рух дода, идомаи ҳамон гоҳшумории ниёгонамон аст. Яъне ҷашни Тиргон ҷашни расиши гандуми заррини кишоварзон низ аст, ки ризқу рўзии инсон дар тамоми сол ба он пайваста мебошад.

Ҳоло ҷашни Тиргон ҳар сол дар байн мардуми Дамованд, дар Омул ва ҳамчунин дар миёни зардуштиёни Язд, Кирмон, Караҷ, Теҳрон, Ардакон, Бам, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар байни зардуштиёни Аврупо, Канада, Амрико, Ҳиндустон, Австралия таҷлил мешавад. Маъмулан дар ҷашни Тиргон дар баъзе ҷойҳо аввали моҳи тир (21 июн), дар баъзе ҷойҳо 10-уми тир, дар баъзе ҷойҳо 13 тир барпо мегардад. Гоҳе чунин мешавад, ки дўстдорони ҷашни Тиргон онро дар наздиктарин рўз таътили моҳи тир (бештар нимаи аввали июл) барпо менамоянд.

Чи нек аст, ки Пешвои азизи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ин ҷашни ниёгон дар Тоҷикистон талош доранд. Инак, ҷашни Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни нависандагон, ҷашни тобистон, ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон, ки эҳёгари он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба тамоми мардуми шарифи тоҷикон ва ориётаборони дунё муборак бошад!

Равшан Раҳмонӣ

профессори ДМТ

Бознашр аз «Адабиёт ва санъат»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram