РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Водии Яғноб аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ меёбад

Дар асосои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.
21-уми июни соли 2023 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳудуди водии Яғноби Ҷамоати деҳоти Анзоб ба сохтмони ду адад пули мошингузар санги асос гузошта шуд. Дарозии сохтмони пулҳои мошингузар мувофиқи нақша 25 ба 4 ва 8 ба 4 метри мураббаъро дар бар гирифта, бунёди он бо маблағгузории “Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ” дар якҷоягӣ бо ташкилоти “Агроаксияи олмон” ва ташкилоти ҷамъиятии “Навовариҳо ва иштирок барои тараққиёт” бунёд карда мешавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни гузоштани санги асос ва мулоқот бо фаъолони водӣ қайд намуд, ки бунёди ин ду пули барои хоҷагии қишлоқ бисёр муҳим ба зиндагонии шоистаи мардуми дараи Яғноб мусоидат намуда, дастрасии аҳолии дара дар чор фасли сол имконпазир хоҳад гашт. Гуфта шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем. Умед дорем, наслҳои оянда ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос арз намуда, дар навбати худ барои рушду нумуи соҳаҳои мухталифи ҷомеа, ҳифзи забону фарҳанги аҷдодии хеш, ободкориву созандагӣ ва шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бунёдкорону сохтмончиён ба раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ваъда карданд, ки то 9-уми сентябри соли 2023, дар арафаи Ҷашни умумимиллии Истиқлоли давлатӣ пулҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram