РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ҷаласаи Шурои миллии таҳсилот мазмун ва мундариҷаи китобҳои дарсии фанҳои биологӣ баррасӣ шуд

22 июни соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд. Дар ин бора аз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот масъалаҳои тавсияи адабиёти таълмии барои баррасӣ пешниҳодгардида ва «Арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои биологӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷаласа аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ мусаввадаи 102 номгӯйи адабиёти таълимиву бадеӣ, аз ҷумла 1 дастури тарбиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 49 китоби дарсӣ, 2 дастури таълимиву методӣ барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 китоби дарсӣ, 4 дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 39 номгӯй китоби бадеии бачагона, ки бо ҳамкории шарикони рушд таҳия ва қисман аз адабиёти ҷаҳон тарҷума шудаанд, барои баррасӣ пешниҳод гардид.

Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода, иттилоъ дод, ки мазмуну мундариҷаи адабиёти таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби муассисаҳои экспертии соҳаи маориф, гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилот ва китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби шуроҳои илмию методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва олимони соҳа арзёбӣ гардида, бо дарназардошти эродҳои онҳо ислоҳ шудаанд.

Бо дарназардошти фикру пешниҳоди аъзои шуро дастхати якчанд китоби дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ барои такмил ва бознигарӣ гардонида шуд.

Дар навбати худ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода масъалаи ҷиддан аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои экспертӣ арзёбӣ шудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос барои муаллифони китобҳои дарсиро таъкид намуд.

Вобаста ба масъалаи «Арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои биологӣ» доктори илмҳои биологӣ, профессор, раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанҳои биологии Шурои миллии таҳсилот Ғиёсов Таваккал Ҷӯраевич суханронӣ карда, такмили муҳтавои барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои биологиро муҳим арзёбӣ намуд.

Номбурда изҳор дошт, китобҳои дарсии фанҳои биологӣ, аз он ҷумла, ботаника, зоология, экология ва биология дар заминаи китобҳои дарсии давлатҳои дигар таҳия шуда, дар онҳо аз намояндагони фауна ва флораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хонандагон онҳоро дар табиати маҳалли зист мушоҳида карда метавонанд, камтар истифода шудааст. Забони китобҳои дарсии фанҳои биологӣ ва таҳрири илмиву имлоии онҳо низ ба бознигарӣ ниёз дорад – гуфт, Т. Ғиёсов.

Номбурда пешниҳод намуд, ки барномаҳои таълимии фанҳои биологӣ барои синфҳои 5 – 11 бо ҷалби муаллифони китобҳои дарсӣ, мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодони пешқадами муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва гимназияву литсейҳо, инчунин ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фуруғи маърифат» баррасӣ карда шавад ва нашри нави китобҳои дарсии ин фанҳо дар заминаи барномаҳои таълимии аз нав мураттабгардида ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки аз тарҷумаи китобҳои дарсии бо забони русӣ таълифшуда даст кашида, дар асоси таҳлили тамоми китобҳои дарсӣ, маводҳои илмӣ ва дастовардҳои биологияи муосир, инчунин таҳқиқоти олимони ватанӣ насли нави китобҳои дарсии фанҳои табиатшиносӣ таҳия карда шавад.

Дар охир аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бори дигар ҷиҳати бо дарназардошти талаботи замон ва ислоҳоти соҳаҳои маориф ва илм таҷдиди назар намудани адабиёти таълимӣ, таҳияи китобҳои дарсии насли нав, даст кашидан аз нашри такрории китобҳои дарсии амалкунанда ба мураттибону муаллифон ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳо дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram