РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона доир шуд

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мулоқоти кормандон бо фаъолони шаҳри Душанбе, аз ҷумла роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия, гирандагони стипендияи Президентӣ, имомхатибон ва дигар фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бузургу муқаддас Ваҳдати миллӣ шодбошиҳо намуд.

Ҳамзамон чунин як вохӯрӣ дар толори маҷлисии Литсейи №3 пойтахт бо намояндагони соҳаи маорифи пойтахт баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин дастовардҳои Ваҳдату истиқлоли кишвар зикр гардида, нақши Сарвари оқилу кордон дар сарҷмъии миллат ва умед ба ояндаи дурахшони кишвар бузургу муассир арзёбӣ карда шуд.

Имрӯз, таҷриба ва хиради сулҳофарии тоҷикон дар низоми сиёсии ҷаҳон рӯйдоди воқеан беназир буда, мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби омӯзиш барои ҷаҳониён мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ фаъолони ноҳия низ бошукргузорӣ аз ин оромӣ ва осоиштагии кишвар машаққатҳои Пешвои Миллатро дар роҳи расидан ба Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин давлату кишвар иброз доштанд.

Дар идома таъкид шуд, ки имрӯз ҷавонон бояд заҳмат ва машаққати Пешвои миллатро дар роҳи расидан ба Ваҳадати миллӣ беш аз пеш дарк намоянд ва бо зиракии сиёсии худ ин идеяи миллиро хамчун дастоварди гаронарзиш ҳифз намоянд ва баҳри шукуфоии ин миллат сайъу талош намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram