23 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — омили асосии рушд ва пешрафти соҳаи илму маорифи кишвар» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Ҷамшед Ҷӯразода иброз намуд, ки солҳои 1992-1997 барои миллати тоҷик давраи бениҳоят вазнин, ҳассос ва тақдирсоз ба шумор мерафт. Бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати сартосарии миллӣ рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Масква созишнома ба имзо расид.
Дар шароити феълӣ, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар лаҳза тағийротҳои сиёсиву амниятӣ рӯх медиҳад, якдиливу якпорчагӣ ва ваҳдату созиши миллӣ барои ҳар миллат дар навбати аввал меистад. Барои устувор нигоҳ доштани амнияти дохилӣ ва рушду нумуи ватани маҳбубамон моро зарур аст, ки Ваҳдати миллӣ ва таҳаммулпазириву ҳамдигарфамиро дар мадди аввал гузорем.
Дар идома маърӯзаҳои Ализода Довуд — сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм таҳти унвони «Давраҳои таърихии гуфтушунид ва омӯзиши сулҳи тоҷикон», Ғафурӣ Зоир — директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллат» ва Салоҳиддин Амонӣ — мудири шуъбаи коркард, татбиқи технологияи инноватсионии таълими Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-дарахти боровар» шунида шуд.
Дар охир миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.