Омина Худойқулова ва Абубакри Ҳофиз давоми рӯзҳои 18 то 25-уми июн дар олимпиадаи байналмиллалии «Тинигл» аз фанни забони англисӣ ширкат карда, ғолибият ба даст оварданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Ба иттилои директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҳикматулло Ҳакимов олимпиадаи байналмиллалии «Тинигл» дар шаҳри Лондон Британияи Кабир баргузор гардид,ки имсол дар он ду нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон иштирок карда, донишу маҳорати худро санҷиданд.
Аз ҷумла, хонандагон Омина Худойқулова, хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Восеъ ва Абубакри Ҳофиз, хонандаи синфи 10-и литсейи №2-и шаҳри Кӯлоб ширкат намуданд. Ҳарду нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тавонистанд,ки ғолибият ба даст оварда, ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намоянд.
Ёдовар мешавем,ки Омина Худойқулова маротибаи дуюм аст,ки дар сатҳи байналмиллалӣ ширкат карда, Тоҷикистонро миёни ҷаҳониён бо донишу маҳорати баландаш муаррифӣ мекунад. Абубакри Ҳофиз бо аввалин иштирок ҷойи сеюмро соҳиб гашт,ки беҳтарин дастовард мебошад.