РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан доир гардид

Дирӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” даври шаҳрии фестивали яхмос, дуғоб, шарбати мева, обҳои ташнашикан ва маҳсулоти қаннодию ҳалвопазӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони корхонаву ширкатҳои пойтахт иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз номоиши навъҳои гуногун, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Сиҷоуддин суханронӣ намуда, зикр карданд, ки фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ дар пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ гузаронида мешавад.

Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram