29 июни соли равон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо ҳамроҳии комиссияи ҳукуматӣ аз мавзеи офати табиӣ дар деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа дидан намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Нахуст, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли будубошии муваққатии сокинони аз офати табиӣ зарардида дар деҳаи Анҷин боздид ба амал оварданд.
Дар ин ҷо барои хурду хоб ва будубоши 31 хоҷагӣ бо теъдоди 143 нафар аҳолӣ, аз ҷумла 15 хоҷагии зарардида ва 16 хоҷагии зери хавф қарордоштаи деҳаи мазкур бо супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин ҷо, Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва комиссияи ҳукуматӣ бо зарардидагони офати табиӣ суҳбати доир намуданд.
Роҳбарияти вилоят аз дастгирӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, минҷумла ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиӣ дар вилоят ёдоварӣ намуда, зикр кард, аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ Сарвари давлат тамоми ниҳодҳои марбутаро барои бартараф намудани он сафарбар намуда, дар кутоҳтарин мӯҳлат сокинони зарардида бо манзили зист ва тамоми шароити зарурӣ таъмин хоҳанд гардид.
Пас аз суҳбат, комиссияи ҳукуматӣ ба маҳалли офати табиӣ омада, бо вазъи феълии мавзеи сел ошноӣ пайдо намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, айни ҳол барои бартарафсозии офати табиӣ ва муайян намудани ҳаҷми хисороти расонидашуда фаъолият менамояд.