РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои пешгирӣ аз чангу хокбориш ба сокинон якчанд тавсия додааст

ибқи иттилои Агентии обу ҳавошиносии мамлакат 14-15 июли соли 2023 дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бар асари шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу шарқ (бо суръати 13-18 м/с) гарду чанг ва хокбориш дар назар дошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳи шимоли вилояти Суғд олудагии ҳаво аз ҳисоби ҳиссачаҳои гарду чанги андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) ба амал меояд. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид ба сокинон тавсия додааст.

Кумита тавсия медиҳад, ки дар ин рўзҳо бештар оби тоза нӯшанд, ҳатто дар як рӯз на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар мебошад.

То ҳадди имкон тирезаҳои хонаро пӯшидан лозим аст. Агар хоҳиши ҳавои хонаро тоза кардан бошад, пас бояд донист, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.

Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ба чуз ин сокинон метавонанд тирезаҳои худро бо дока ва ё тур пӯшонанд ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доштан лозим аст. Ҳамзамон пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доштан, бо латаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳо тавсия дода мешавад.

Дар иттилоияи Кумита инчунин омадааст, ки духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад, ки доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо бо худ дошта бошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram