Имрӯз дар меҳмонхонаи Рӯмӣ воқеъ дар пойтахти кишвар ифтитоҳи Форуми байналмилалии ҷавонон «барои ояндаи босубот ва рушд якчоя амал мекунем» баргузор гардид.
Дар форуми мазкур, намояндаҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷавонони мамлакат ва кишварҳои Осиёи Миёна иштирок доштанд. Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири кишвар ин ҳамоишро ифтитоҳ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи ҳукумати кишвар ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа сухан гуфт.
Ҳамзамон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло дар хусуси нақши ин нишаст дар ҳамбастагии ҷавонони кишварҳои Осиёи Миёна ва дӯстӣ миёни кишварҳои Осёи миёна сухан гуфт. Дар ин миён ҳамзамон ба барандагони ҷоизаи мусобиқаи контенти беҳтарин аз рӯи лоиҳаи “Сафирони иродаи неки QLEVER барои Тоҷикистони осоишта” ва дар чорчубаи амалигардонии Стратегияи миллӣ оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм, ифтихорномаву шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.
Иноятова Ш.