РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар деҳаи Ғусгарфи ноҳияи Варзоб мумфаршкунии роҳ оғоз гардид

14 июл дар доираи нақшаи чорабиниҳои  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мумфаршкунии роҳи Кумитаи маҳаллаи деҳаи Ғусғарфи Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа оғоз гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби сокинони Кумитаи маҳаллаи деҳаи Ғусғарф ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб амалӣ гардида, дарозии роҳи мумфаршшаванда 2 километру 60 метр ва паҳноияш 4 метрро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди кумитаҳои маҳаллаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо сокинон барои истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имконият истифода мебаранд.

Сокинони ноҳияи Варзоб бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анҷом мерасонанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram