РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДАНҒАРА ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

Ноҳияи Данғара дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон ҷойгир буда, яке аз минтақаҳое мебошад, ки таърихи бою рангин дошта, ёдгориҳои таърихи атиқа дар марзи он зиёд ёфт гардидааст.

Дар ин макон шароитҳои хуби табиӣ: иқлими мулоим, чашмаҳои зери кӯҳҳо ва даштҳои васеъи пуралаф аз замонҳои қадим одамонро барои зиндагӣ ҷалб месохт.

Ҳанӯз 40-50 ҳазор сол пеш дар аҳди мусте дар ғору калфҳои ин минтақа одамони давраи ибтидоӣ зиндагии муқимӣ карда, ба шикору неъматҷамоварӣ машғул буданд. Чӣ хеле аълома Бобоҷон Ғафуров дар асари оламшумули хеш, “Тоҷикон” (с.31) менависад: “Ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзикичики райони Данғара барои таҳқиқи маданияти мусте материали фаровон дод. Аз ин ҷо даҳҳо олоти гуногуни сангӣ, аз ҷумла белчаву кордҳои гуногун ба даст омад, ки хело хуб сохта шудаанд. Инчунин, бисёр устухони ҳайвон низ ёфт шуд, ки неандерталиҳо сайд карда буданд. Дар қатори устухони ҳайвонҳои маълуме, ки то ба ҳол вуҷуд доранд, устухони карки дарозпашм ва асп барин ҳайвонҳое низ ёфт шудаанд, ки то ба рӯзҳои мо омада нарасидаанд”.

Солҳои 40-50-уми асри гузашта дар натиҷаи кашфиётҳои бостоншиносони Шуравӣ муайян карда шуд, ки 8 ҳазор сол муқаддам одамон аз ғору калфҳо берун баромада, соҳили чашмаю дарёҳо ва кӯлҳоро ҷои сукунати доимии худ қарор дода, дар дашту водиҳо ба коркарди замин шурӯъ кардаанд. Дар натиҷаи ин, дар минтақаи Осиёи Миёна се умумияти этникӣ ва таърихию фарҳангӣ бо ном: маданияти Ҷайтун дар Туркманистони имрӯза, Калтаманор дар Ӯзбекистон ва Ҳисор дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Кошифи маданияти Ҳисор олими барҷастаи Шуравӣ А.П. Окладников охири солҳои 40-уми асри гузашта дар теппаи ғозиёни Ҳисор бори аввал сангинолотҳои ин мардумро ёфт карда, онро “маданияти Ҳисор” ном гузошт. Вале, чӣ хеле муаррихи шинохтаи тоҷик Музаффар Азизов дар мақолаи хеш: “Андешаҳо дар сароғози ниёгон” (маҷаллаи “Мероси Ниёгон”, №21, 2019. — С. 3-4) менависад: сароғози ин маданият дар соҳилҳои дарёи Вахш ва даштҳои Данғара қарор дорад. “Машҳуртарин ёдгориҳои ин маданият Тутқавул-2 (8000 сол), Сайёд-2 (8000 сол), Тутқаул-1, Сайёд-1 (7000 сол), Булёни Поён (6000 сол), Сайёд-1 (5000 сол), Кангуртут (2700 сол) дар ҳудуди ноҳияи Данғара кашф гардидаанд”. Сарҳади гузариши давраи неолит ба асри биринҷ дар деҳаи Кангуртут ёфт гардида, бори дигар собит месозад, ки дар тӯли таърих сарзамини Данғара доимо ҷои сукунати одам қарор ёфта буд.

Барои муайян сохтани таърихи ин ё он минтақа илми сиккашиносӣ басо нақши муҳимро мебозанд. Аз рӯйи сиккаҳое, ки аз марзи ноҳия дар солҳои гуногун аз тарафи аҳолии маҳаллӣ тасодуфан ва олимон ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ аз гушаҳои гуногуни марзи ноҳия ёфт кардаанду алҳол, дар “Осорхона –мамнуъгоҳи ҷумҳурявии Данғара” маҳфӯз ҳастанд, муайян шудааст, ки дар масоҳати имрӯзаи ноҳия 2300 сол боз инҷониб муомилоти пулӣ давом дорад.

Дар таҳқиқи сиккаҳои аз ноҳия ёфт гашта олимони машҳури сиккашинос: Е.А. Давидвич, Е.В. Зеймал ва Давлатхоҷа Довудӣ солиёни зиёд заҳмат кашидаанд. Чӣ хеле олими шинохтаи ин соҳа Далатхоҷа Довудӣ дар китобаш: “Сиккаҳои аҳди қадим ва асрҳои миёнаи Данғара” қайд кардаанд: “Аз ҳама сиккаҳои қадимтарин дар ноҳия 2300 сол таърих дошта, ба асрҳои III-и то милод, ба давраи давлатдории Юнону Бохтар ва аз ҳама охир ба нимаи дуюми асри ХIХ тааллуқ доранд”. Бояд қайд намуд, ки аз рӯйи миқдори сиккаҳо ва ёдгориҳои ёфтгашта гуфтан мумкин аст, ки солҳои гулгулшукуфию муомилоти баланди пулӣ ба давраҳои салтанати Кушониён, давлати Сомониён ва Темуриён рост меояд.

Гарчанде, аз давраҳои давлатдории Юнону Бохтар ва салтанати Кушониён солиёни зиёд гузашта бошад ҳам, аммо бештари ёдгориҳои таърихии ёфтгардида аз марзи ноҳия ба ин давраҳо тааллуқ доранд. Ёдгориҳои ин давраҳо на аз як ҷой балки аз тамоми марзи ноҳия: аз доманаи қаторкӯҳи Вахш: деҳаҳои Пушинг, Ғиҷовак, Сафобахш, Иғрон; доманаи қаторкӯҳи Сарсарак аз деҳаҳои Молишо, Калкот, Шамолдара, Сангтӯда; аз доманаи қаторкӯҳи Тераклитов аз деҳаҳои Иттифоқ, Торбулоқ ва Чолтов; аз доманаи кӯҳи Ҷелонтоғ аз Тоқатош ва Мундоқ инчунин, аз атрофи шаҳраки Данғара ёфт гардидаанд.

Таҳсутунию нимсутунӣ, ки бо санъати баланди элинӣ аз гачсангҳои маҳаллӣ сохта шуда, шабоҳат ба “Ойхонум”-и Афғонистон ва “Тахти Сангин” доранд. Миҷмарҳои сангӣ, атргиракҳо, ашёҳои маросимӣ ва намунаи зиёди маснуоти кулолӣ, ки теъдоди зиёди онҳо дар “Осорхона-мамнуъгоҳи Данғара” алҳол, маҳфӯзанд аз санъати волои ҳунармандон, аз сераҳолӣ будани ноҳия дар он давра ва рушди зиндагии мардум гувоҳӣ медиҳанд. Чунин менамояд, ки Данғара махсусан, дар аҳди Кушониён маркази ягон вилоёти ин салтанати бузург буд.

Давраҳои таназзули марзи ноҳия ба аҳди Қарахониҳою кашмакашиҳои Чингизхони малъун рост меояд. Махсусан, дар ибтидои асри ХIII баъди хунрезиҳои муғулҳо ба муддати мадиде дар таърих аз мулки Данғара сухане намеравад. Чӣ хеле муаррихи шаҳир Мирхонд дар ин бора навиштааст: “Ва чун хотири Чингизхон аз харобии Тирмиз фориғ гашт, ба ҳудуди Кангурту Сомон (наздикиҳои Данғараи имрӯза) рафт ва зимистон дар он ҷо раҳли иқомат афрохта, ба куштану кандан ва тохтан он диёрро низ (аз вуҷӯди одамону ободонӣ) пок сохт”. Баъди ин чӣ хеле дар китоби таърихнигори шинохтаи тоҷик Ғоиб Ғолибов “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз” омадааст: “Дар Хатлонзамин ва атрофи он одамӣ боқӣ намонд (бо истиснои гурӯҳи каме, ки ба кӯҳу ҷангал ва минтақаҳои дурдаст ҷон ба саломат бурданд). Аз ин рӯ, қариб дар давоми зиёда аз сад сол хабаре дар сарчашмаҳо оиди Хатлон намеёбем. Агар садсолаи баъди ҳуҷуми муғулҳоро барои таърихи Хатлон “садсолаи хамӯшӣ” гуем, хатто намекунем”.

Дар ибтидои аҳди Темуриҳо Данғара ба майдони ҳарби Амир Темур баҳри ба даст овардани подшоҳии Мовароунаҳр мубаддал гашта буд. Чӣ хеле Муаррих Шарафуддин Алии Яздӣ дар “Зафарнома”-и хеш ёд аз он давраҳо мекунад: Амир Темуру амир Ҳусайн аз Солисарой гузашта, “мутаваҷеҳи Хатлон шуданд ва ба чӯл даромаданд ва аз чӯл гузашта, мавзеи Дашти Кӯлон (Данғара) мухайями нузули фархунда гашт”. Амир Темур чанде дар Данғара истода, сипас яке аз аввалин ғалабаҳоро дар Тутқавул — назди Пули Сангин ба даст меорад.

Чӣ хеле дар боло ишора рафта буд, дар давраи Темуриҳо сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум баланд гашта, шаҳрҳо обод мегарданд, деҳаҳои зиёде пайдо гашта, чорводорӣ ва зироаткорӣ ривоҷ меёбад.

Дар асарҳои олимон аз ҷумла дар асари муаррихи ибтидои асри ХХ –и тоҷик Гулшанӣ “Таърихи Ҳумоюн” таърихи минбаъдаи Данғара дар шакли пароканда, омадааст.

Дар нимаи дуюми асри ХIХ пас аз забт намудану ба Аморати Бухоро мутеъ кардани Бухорои Шарқӣ Империяи Росия барои омухтани набототу ҳайвонот, бойигариҳои зеризаминӣ, таъриху анъанаҳои мардумӣ мароқ зоҳир менамояд ва бисёр сайёҳону олимони набототшиносу таърихшинос, аз қабили В.Г. Липский, М.А. Варигин, Д.Н. Логофед, Л. Борнс, Г. Вамбери, А.В. Нечаев ва дигарон пайи ҳам ба сӯйи ноҳияҳои Бухорои Шарқӣ равона мешаванд ва чанде аз Данғара низ гузар намуда, фикрҳои хешро нисбати ин диёр ёдрас мешаванд.

Махсусан, ёддоштҳои геологи рус А.В. Нечаев, ки моҳи августи соли 1908 ҳамроҳи рафиқаш Тимофеев, ки мубталои бемории вараҷа гашта буду тариқи Сангтӯда ба деҳаи Саргазон омада, аз дашти Данғара ва чарогоҳҳои сералафи пур аз чорво, дарави ғалладона, андозғундории амалдорони беки Балҷувонро дар марзи ноҳия бо чашми хеш дида, маълумот додааст, ки арзиши калон дорад. Ӯ ҳамчунин, ҳангоми гузаштан аз болои кӯҳи Ҷелонтоғ ба сӯйи Кӯлоб дар доманаи он ҷой доштани деҳаҳои зиёду заминҳои кишти полезӣ ва ғалладона ахбор дода, ҳамвориҳои болои кӯҳро пур аз ҷангалзор дидааст. Нечаев ҳангоми сафараш, ки бо худ суратгирак дошту акосӣ мекард, дар китобаш чандин расм, аз ҷумла юртаҳои деҳаи Саргазон, деҳаҳои тоҷикнишин ва Пули Сангини болои дарёи Вахшро ҷой додааст, ки арзиши калони таърихи доранд.

Шуруъ аз солҳои 40-50-уми асри ХХ як зумра олимони кишваршинос амсоли В.Ф. Чейлимко. Бостоншинос А.М. Беитский, таърихшинос А.П. Колпаков ба омӯзиши таъриху тамаддуни Хатлонзамин мароқ зоҳир намуданд ва дар ин ҷабҳа татқиқотҳои назаррасро ба анҷом расонданд.

Соли 1942 дар ноҳия экспедитсияи институти таърих, забон ва адабиёти тоҷики филиали тоҷикистонии АИ СССР гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он як қатор ёдгориҳои таърихӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия муайян гардид.

Дар нимаи дуюми асри ХХ дар таърихи бостоншиносии тоҷик экспедитсияи калонтарини Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Б.А Литвинский гузаронида шуд, ки дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз гушаҳои гуногуни ноҳия ёфт гардида, мавриди омӯзиши минбаъда қарор гирифтанд.

Бояд қайд кард, ки дар омӯзиши минбаъдаи ёдгориҳои таърихии ноҳия саҳми олимони шинохтаи рус ва тоҷик аз ҷумла: Б.А Литвинский, В.А. Ранов, П.И. Смоличев, Е.П. Денисов, И. Маслов, Г. Ёрбобоев, Ю. Яқубов, Н. Виноградова, Т. Филимонова, Р.М. Ахмедзянов А. Дружинина, Д. Довудӣ, Ш. Нарзуллоев, М. Азизов, олимони хориҷӣ: Г. Линдстрём, Ж. Матилда ва чанде дигарон калон буда, дар ҷамоварӣ, нигаҳдошт ва тарғиби ин ёдгориҳо “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳурявии Данғара” саҳмгузор мебошад.

САЛИМЗОДА ФАТҲИДДИН — Ходими калони илмии “Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳурявии Данғара” –и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram