17 июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои хориҷӣ сафири Покистонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.