18 июли соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. бо ёвари Маъмури БРСММ ва Мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живкович баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Завқизода З. А. мухтасар ташаббусҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба татбиқи Рузномаи ҷаҳонии 2030 оид ба рушди устувор, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии кишвар муаррифӣ карда, ба БРСММ ҷиҳати дастгирии кишвар дар ин самт, инчунин омодаву пешниҳоди Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар Форуми сиёсии сатҳи баланди рушди устувор изҳори миннатдорӣ намуд.
Барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор Завқизода З. А. зиёд намудани кумакҳои молиявию техникиро, аз ҷумла тавассути таъмини маблағгузории зарурӣ барои Барномаи рушди кишварӣ ва баланд бардоштани иқтидори зеҳнии Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намуд.
Хонум Ивана Живкович дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои татбиқи ҲРУ, аз ҷумла коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар шароити таҳаввулоти идомадошта дар иқтисоди ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ баланд арзёбӣ намуд. Инчунин Ивана Живкович дархости Вазири рушди иқтисод ва савдоро дастгирӣ карда, барои зиёд намудани кумакҳои молиявию техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи нави рушди кишварӣ изҳори омодагӣ намуд.